Раиси Кумитаи паралимпии Осиё натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпии Осиё баланд арзёбӣ кард


Рашид Маҷид, раиси Кумитаи паралимпии Осиё, дастовардҳои тими Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпии Осиё — Айти-Нагоя-2026 табрик гуфт.
ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи паралимпии Осиё Рашид Маҷид натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпии Осиё баланд арзёбӣ кард.
Тавре аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барқияи табрикии Рашид Маҷид ба унвонии президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода омадааст, ки аз номи Кумитаи паралимпии Осиё (APC) ба Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, варзишгарон, мураббиён ва ҳайати намояндагии кишвар ба муносибати дастовардҳои назаррас дар Бозиҳои паралимпии Осиё — Айти-Нагоя-2026 табрикоти самимӣ мерасонад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»