ВарзишМанбаи тоҷикӣ
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) қаҳрамони дивизиони «D»-и Ҷоми ҷаҳонии 2026 ва фестивали ФИФА шуд


Дар Боку аввалин мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ миёни дастаҳои наврасони то 15-сола дар доираи фестивали ФИФА ба анҷом расид ва тими Тоҷикистон ҷойи аввалро дар дивизиони «D» гирифт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба НИАТ «Ховар», дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонджон Юсупов дар ин мусобиқа ғолиби дивизиони Tier «D» шуд.
Мусобиқа дар шаҳри Боку баргузор гардид ва ҳамчун аввалин Ҷоми ҷаҳон дар гурӯҳи синнусолии то 15-сола дар доираи фестивали ФИФА анҷом ёфт.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»