Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид


12-13 сентябри соли 2026 ба ифтихори 880-солагии шаҳри Тулаи Федератсияи Русия дар фестивали «Фанфары тульского кремля» бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва «Маркази фарҳанги тоҷикон» ҳунарҳо, либосҳои миллӣ ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
12-13 сентябри соли 2026 ба ифтихори 880-солагии шаҳри Тулаи Федератсияи Русия чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар ин замина бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон», инчунин бо ҳамкории роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Тула Шероз Разоқов ва Сино Наҷмиддинов, дар фестивали «Фанфары тульского кремля» ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакан, инчунин имконоти сайёҳӣ ва ашёи сангину чӯбини миллӣ муаррифӣ карда шуданд.
Чунин чорабиниҳо ба тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ ва нишон додани ҳунари баланди тарроҳону ҳунармандони ватанӣ мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, онҳо метавонанд ба ҷалби сайёҳони рус ба Тоҷикистон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар кумак расонанд.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»