19.10.2026 дар доираи чорабиниҳои сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ҷаласаи панҷуми Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон дар Душанбе баргузор гардид.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», ҷаласа дар ҳошияи чорабиниҳои сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ки аз 15 то 20 октябр идома дорад, доир шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории синамоӣ, густариши робитаҳои касбӣ байни киностудияҳои давлатҳои иштирокчӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки филмофарӣ ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён омодагии худро барои ҳамкории муштарак, таҳияи филмномаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои синамоӣ дар шакли копродуксия изҳор намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон