Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Душанбе, 2026-10-25 / АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон занбӯриасалпарварӣ яке аз бахшҳои сердаромади кишоварзӣ буда, дар таъмини аҳолӣ бо асали табиӣ, зиёд шудани даромади оилаҳо ва беҳтар шудани гардолудшавии зироатҳо саҳми муҳим дорад.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки занбӯриасалпарварӣ аҳамияти экологӣ низ дорад. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд ва гардолудкунии онҳо метавонад ҳосилнокии боғҳо ва зироати кишоварзиро аз 20 то 50 фоиз ва ҳатто бештар аз ин афзоиш диҳад.
Мувофиқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 262.0 ҳазор оилаи занбӯри асал нигоҳубин шуда, 3530 тонна асал истеҳсол гардид. Ҳамзамон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли асал дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 1690.7 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20.7 фоиз кам будааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»