Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ баргузор шуд


Дар Душанбе форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор» баргузор гардид. Дар он ба рушди сайёҳии устувор, ҷалби сармоя ва муаррифии имконоти Душанбе ва Тоҷикистон таваҷҷуҳ шуд.
Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор» баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ таҳкими ҳамкории байнишаҳрӣ, рушди сайёҳии устувор, муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, ҷалби сармоя ва табодули таҷриба буд.
Дар форум намояндагони шаҳрҳои бародаршаҳр ва шарикон, созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ ва Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ иштирок карданд. Мақомоти шаҳр ва ниҳодҳои марбута нақши Душанбе, инфрасохтори муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғҳо, меҳмонхонаҳо ва имконоти нақлиётиро барои рушди сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки аз 24 то 26 сентябр «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» баргузор мегардад. Дар он имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва Душанбе, маҳсулот ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар муассисаҳои соҳа муаррифӣ мешаванд.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия