14 сентябри 2026 дар Лондон бо иштироки намояндагони ширкатҳои бузурги молиявӣ ҳамоиш баргузор шуд. Вазири молияи Тоҷикистон оид ба дастовардҳои иқтисодии кишвар маълумот дод.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода дар ҳамоиш дар бораи дастовардҳои назарраси ҷумҳурӣ дар рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими вазъи буҷет ва қарзи давлатӣ, беҳтар шудани захираҳои асъорӣ ва бахши бонкӣ, инчунин татбиқи муваффақонаи барномаҳои ислоҳотӣ бо дастгирии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд маълумот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 12 муассисаи молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ мекунанд. Ҳамчунин таҷрибаи Тоҷикистон дар бозори байналмилалии евробондҳо, рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ ва имкони барориши аввалин коғазҳои қиматноки сабз муаррифӣ гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»