Роҳбарони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳасарҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд


28 октябри 2026 роҳбарони парлумонҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳайати парлумонии Қирғизистон, ки барои иштирок дар Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омада буданд, аз Театри миллии Тоҷикистон боздид карданд.
Душанбе, 28.10.2026 /Ховар/. 28 октябр барои иштирок дар Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳбарони парлумонҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон, инчунин ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Қирғизистон ба Душанбе омаданд.
Нимаи дуюми рӯз меҳмонон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Театри миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»