Дар Сеул ёддошти тафоҳум байни хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Корея оид ба ҳамкорӣ дар ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад ба имзо расид.
16 сентябри 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад ба имзо расид.
Ин санад яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ мебошад, ки дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Корея ба имзо расида, заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таҳким мебахшад.
Ҳамчунин дар доираи он мубодилаи иттилоот ва маълумоти гумрукӣ, расонидани ёрии мутақобил дар пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи пешқадам, инчунин рушди иқтидори касбии кормандони мақомоти гумрук пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»