Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои ИДМ баргузор мешаванд


29-30 сентябри 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои муштараки сохторҳои алоқа ва иттилоотии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешаванд.
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /Ховар/. Тибқи ин хабар, 29-30 сентябри 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои муштараки Шӯрои роҳбарони идораҳои алоқаи Иттиҳодияи минтақавӣ дар соҳаи алоқа, Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иттилоотонӣ ва Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа оид ба рушд барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд.
Дар ҷаласаҳо роҳбарони мақомоти давлатии соҳаи алоқаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳодияи минтақавӣ дар соҳаи алоқа, намояндагони баландпояи кишварҳои узви Иттиҳоди байналмилалии алоқа ва ҳамчунин директори Дафтари рушди алоқаи Иттиҳоди байналмилалии алоқа ширкат хоҳанд кард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»