Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ иқтисод ва нуфузи ин созмони бонуфузро тақвият дод


Коҳир Расулзода гуфт, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай иҷрои пайвастаи тавофуқҳои ҳосилшуда ва иҷрои вазифаҳои аз ҷониби сарони давлатҳо гузошташуда дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Душанбе, 20.10.2026 /НИАТ «Ховар»/. Коҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва васеъ гуфт, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои пайвастаи тавофуқҳои ҳосилшуда ва иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби сарони давлатҳо гузошта шудаанд, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Ба гуфтаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшишҳои асосӣ ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстона, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ миёни давлатҳои узв нигаронда шуда буданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»