26 октябри 2026 дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки 26 октябри 2026 дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид. Фестивал аз 21 то 26 октябр доир шуда, ҳунармандони Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Туркманистонро гирди ҳам овард.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён маҳорати касбӣ, таҷрибаи эҷодӣ ва дастовардҳои театрии худро муаррифӣ карданд. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, фестивал барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкории эҷодӣ миёни театрҳои лӯхтак замина фароҳам овард. Дар анҷом ҳунармандони фаъол барои саҳмгузорӣ дар рушди санъати театрӣ қадрдонӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»