Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо дабири кулли Шурои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёти Кувайт мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ кард.
Дар Кувайт, 2026-10-26, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо дабири кулли Шурои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёти Давлати Кувайт д-р Муҳаммад Холид Ал-Ҷассор мулоқот намуд.
Ҷонибҳо роҳҳои тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва самтҳои нави ҳамкорӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд. Ҳамчунин муваффақияти баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кувайт ва идомаи чунин мубодилаҳои фарҳангӣ таъкид шуд.
Дар мулоқот зарурати тарҷума ва интишори осори адабии ҳамдигар, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии мусиқӣ ва ҳунарҳои суннатӣ муҳим арзёбӣ гардид. Тарафҳо омодагии худро барои таҳкими дӯстӣ ва наздиксозии халқҳои ду кишвар бори дигар тасдиқ карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»