Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир ҷаласа оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баргузор шуд


Дар ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода масъалаҳои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, кам кардани талафот ва беҳтар намудани ҷамъоварии маблағ баррасӣ гардиданд.
Дар ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии ва ғайримақсадноки неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда баргузор шуд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва минтақаи Рашт, раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва фаъолону кормандони шабакаҳои барқи минтақа иштирок карданд. Фаъолияти филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - минтақаи Рашт дар 8 моҳи соли 2026, сатҳи талафоти неруи барқ, ҳолати шабакаҳо ва зеристгоҳҳо, ҷамъоварии маблағи барқ, қарздорӣ ва иҷрои супоришҳои қаблан додашуда мавриди таҳлил қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ талафоти умумии неруи барқ дар шабакаҳои барқи шаҳри Роғун 10,69 фоиз, ноҳияи Рашт 19,45 фоиз, ноҳияи Лахш 15,90 фоиз, ноҳияи Сангвор 11,58 фоиз, ноҳияи Нуробод 17,30 фоиз ва ноҳияи Тоҷикобод 17,94 фоиз ба қайд гирифта шудааст. Таваҷҷуҳ ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва низоми биллингӣ, расонидани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳо то 100 фоиз ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дода шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»