26 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мегардад.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» аз 20.10.2026, 26 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» баргузор мешавад. Ин хабарро Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ховар» расонидааст.
Ҳадафи форум фароҳам овардани платформаи муколамаи касбӣ миёни намояндагони сохторҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, бахши хусусӣ ва мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ барои табодули таҷриба, баррасии роҳҳои ҳалли муосир ва муайян кардани самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад. Дар форум дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ низ баррасӣ мешавад.
Дар доираи форум масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди зеҳни сунъӣ, бонкдории кушод (Open Banking), низомҳои пардохтии рақамӣ, тиҷорати электронӣ, амнияти киберӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ муҳокима мегарданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»