Ифтитоҳи Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии Эҳсон дар Восеъ


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
4 October Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии Эҳсонро ба истифода доданд.
Ин маҷмаа аз ҷониби соҳибкор Даврон Мирзозода дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Меҳмонхонаи Эҳсон 18 ҳуҷраи хоб, тӯйхона ва тарабхона дорад ва барои қабули 40 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷо 50 ҷойи корӣ муҳайё гаштааст. Ҳамчунин, толори барҳаво бо 150 ҷойи нишаст барои маросими тӯй ва ошхона бо 20 ҳуҷра барои пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ пешбинӣ шудааст. Намои берунӣ ва дохилӣ бо унсурҳои меъмории миллӣ мутобиқ ба лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»