Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Хулоса ва заминаи хабар
Дар мулоқоти роҳбарияти Китобхонаи миллӣ бо сафири Кореяи Ҷанубӣ таъсиси маркази технологияҳои рақамӣ ва лабораторияи рақамикунонӣ баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-07 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси Маркази технологияҳои рақамӣ ва лабораторияи рақамикунонӣ дар Китобхонаи миллӣ бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои муосири Корея дар вохӯрии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик баррасӣ гардид.
Ба иттилои Китобхонаи миллӣ, Ҷумҳурии Корея ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ байни китобхонаҳои ду давлат, табодули таҷрибаи кормандони соҳаи китобдорӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва ба роҳ мондани робитаҳои касбиро барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд.
Инчунин омода намудани барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхона дар самтҳои китобхонашиносии рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи мероси хаттӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, табодули таҷриба ва сафарҳои омӯзишии мутахассисони китобхонаи миллӣ ба китобхонаҳои Ҷумҳурии Корея баррасӣ шуд. Тибқи иттилоъ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 17 давлати хориҷӣ 29 санади ҳамкориро дар соҳаи китобдорӣ ба имзо расонидааст.
