Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик


17 сентябр, дар ҷараёни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии он кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуд.
Дар мулоқот нақши муколамаи фаъоли байнипарлумонӣ дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея муҳим арзёбӣ шуд. Ҳамчунин зарурати фаъол намудани кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҳамчун абзори мусоидаткунанда таъкид гардид.
Ҷониби Тоҷикистон фаъолияти платформаи Нишасти раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро барои татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди муштарак ва таъмини суботи минтақавӣ равона шудаанд, муҳим шумурд. Ҷонибҳо аз сатҳу ҳолати кунунии робитаҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ карданд ва ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Иброз шуд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея, ки 16 сентябр дар шаҳри Сеул баргузор гардид, барои густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ҳамчунин гуфта шуд, ки мусоидати парлумонҳо дар такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ аҳаммияти калон дорад. Масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳо дар чорчуби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, низ баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»