Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Ли Чян, раиси Шӯрои давлатии Чин, дар мулоқот бо доктор Аъроф мавқеи Пекинро дар маҳкум кардани амалҳои ИМА ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон, мухолифат ба таҳримҳои якҷониба ва пуштибонӣ аз ҳуқуқҳои қонунии Ҷумҳурии Исломии Эрон баён кард.
Ли Чян дар ин дидор гуфт, ки амалҳои режими саҳюнистӣ ва ИМА алайҳи Эрон «таҷовузи ошкор» аст ва ин амалҳо дар миёни музокирот ва бидуни иҷозати Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифтаанд. Ӯ бар мавқеи возеҳ ва қатъии Пекин дар маҳкум кардани ин амалҳо таъкид кард.
Раиси Шӯрои давлатии Чин ҳамчунин мухолифати кишварашро ба таҳримҳои якҷонибаи ИМА эълон кард ва гуфт, ки Пекин хостори эҳёи тавофуқномаи Исломобод аст. Ба гуфтаи ӯ, Чин дар созмонҳо ва минбарҳои байналмилалӣ низ аз ҳуқуқҳои қонунии Ҷумҳурии Исломии Эрон дифоъ хоҳад кард.
Ли Чян бо ишора ба иродаи муштараки Теҳрон ва Пекин барои густариши равобити дуҷониба, бар таҳкими бештарии дӯстӣ миёни ду кишвар ва ду миллат таъкид намуд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»