17 September 2026 дар Сеул Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея барои рушди ҳамкорӣ дар саноат ва инноватсия ба имзо расид.
Тибқи иттилои Ховар, санад заминаи густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Кореяро дар соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, аз коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, пиллапарварӣ, коркарди пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати кимиё ва технологияҳои нав фароҳам мекунад.
Ҳамчунин дар асоси ин ёддошт ҷонибҳо метавонанд ҳамкориро дар самти ашёи хом, ҳамкории техникӣ дар бахшҳои коркарди саноати сабук, аз ҷумла нассоҷӣ, коркарди пӯст ва пиллапарварӣ, инчунин мубодилаи иттилооти илмӣ ва техникӣ ва технологияҳои инноватсионӣ густариш диҳанд. Санад инчунин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи зеҳни сунъӣ (AI) барои истифода дар саноат пешбинӣ мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»