Дар Душанбе ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони соҳаи энергетикаи чанд кишвар баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони соҳаи энергетикаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҳамкории минтақавиро дар таъмини амнияти энергетикӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаю ҳамсоягии нек таъкид намуд. Ҳамчунин зикр шуд, ки кишварҳои минтақа вазифаҳои муҳим, аз ҷумла таҷдиду навсозии инфрасохтори энергетикӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини фаъолияти боэътимоди низомҳои энергетикиро пеш мегузоранд.
Дар идома доир ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ дар мувофиқа намудани қарорҳои муштарак ва таъмини фаъолияти боэътимоди низоми муттаҳидаи энергетикӣ нақши муҳим дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»