Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд


Дар Душанбе дар доираи ҷашни Меҳргон Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал доир гардид. Хабар медиҳад, ки то 1 октябри 2026 дар ҷумҳурӣ 262 ҳазор оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шуда, 3530 тонна асал истеҳсол шудааст.
Дар Душанбе, дар доираи ҷашни Меҳргон, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал ҳамроҳ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали «Оши палов», намоишу фурӯши шолию биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур баргузор шуд.
Дар фестивал занбӯрпарварони мамлакат асали аз гиёҳҳои шифобахш ҳосилшуда, шириниҳои аз асал омодагардида, техникаи парвариши занбӯр ва борҷомаҳо бо навъҳои гуногуни асали тоҷикӣро ба тамошо ва фурӯш гузоштанд. Асали экологӣ тоза дар ин макон бо нархи аз бозор арзонтар пешниҳод гардид. Ҳадаф аз ин чорабинӣ тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон ва эҳёи анъанаҳои парвариши занбӯри асал гуфта шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»