Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд


Дар Сеул ҷаласаи нахустини вазирони рақамии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1 баргузор гардид ва намояндаи Тоҷикистон иқтидорҳои кишварро дар инноватсия ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ кард.
Дар Сеул ҷаласаи нахустини вазирони рақамии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «C5+1» таҳти унвони «Ояндаи ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология» баргузор гардид. Дар он Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуд.
Хуршед Мирзо дар ҷаласа иқтидор ва афзалиятҳои Тоҷикистонро дар рушди зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ муаррифӣ карда, омодагии кишварро барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла бо Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар самтҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳқиқоти муштарак, рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ таъкид намуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»