Дар нуҳ моҳи соли 2026 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба 124.4 фоиз расид. Ба буҷети давлатӣ 26 миллиард 600 миллион сомонӣ ворид шудааст.
ДУШАНБЕ, 2026-10-21 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 124.4 фоиз таъмин гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 26 миллиард 600 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 5 миллиард 213 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 4.6 ҳазор адад зиёд гардид. Ҳамчунин беш аз 60 хизматрасонии давлатӣ ба шакли электронӣ барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон ба роҳ монда шудааст ва барои соли 2026 ба истифода додани 11 намуди дигар хизматрасонии нави давлатӣ низ дар назар аст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»