Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан дар шаҳри Кӯлоб


5 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб идома ёфт ва нахуст корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно» ба истифода дода шуд.
Корхона дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, бо хатҳои технологии муосир муҷаҳҳаз аст. Иқтидори истеҳсолии он 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз буда, дар он истеҳсоли 15 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корхона марҳилаҳои асосии истеҳсол ва бастабандӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир амалӣ мегарданд. Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Аҳмадзода бунёд гардида, бо оғози фаъолият 120 ҷойи корӣ муҳайё кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ самаранок истифода шуда, ҳаҷми истеҳсолот ва номгӯи маҳсулот минбаъд зиёд карда шавад. Таъкид гардид, ки ба сифати маҳсулот, риояи талаботи технологӣ ва санитарӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»