ФарҳангМанбаи тоҷикӣ
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн вохӯрӣ намуд
Санаи нашр:
18 October 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо раиси Шурои аминони Бунёди фарҳангии Абдулазиз Сауд Ал-Бобтайн Сауд Абдулазиз Ал-Бобтайн мулоқот кард.
Ба иттилои «Ховар», дар мулоқот масъалаи барқарорсозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти муаррифии мероси ғании адабии ҳамдигар ва тарҷумаю чопи осори адибони ду кишварро барои таҳкими гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва пайвандҳои дӯстӣ таъкид карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон