Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси СҲШ оид ба таҷрибаи беҳтарини истифодабарии канданиҳои фоиданок дар Москва иштирок мекунад


Ҳайати Тоҷикистон 17-18 September 2026 дар Москва дар конфронси байналмилалии «Таҷрибаи беҳтарини истифодабарии канданиҳои фоиданок: ҳолати заминаи захиравӣ, иқтидори рушд ва самаранокии истифода» иштирок мекунад.
Ба иттилои «Ховар», ин ҳамоиш дар Москва таҳти эгидои Созмони ҳамкории Шанхай ва Шӯрои олии кӯҳии Ассотсиатсияи «Горнопромышленники России» баргузор мешавад. Ҳадафи он ташкили платформа барои ҳамкории давлатҳои аъзо ва шарикони СҲШ, табодули таҷриба ва беҳтарин усулҳои истифодабарии канданиҳои фоиданок мебошад.
Ҳамчунин, ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ ҳангоми иҷрои лоиҳаҳои мураккаби кӯҳӣ ва таҳияву ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи истихроҷ ва коркарди маъданҳои сахт, бо таваҷҷуҳ ба тилло, маъданҳои полиметаллӣ ва металҳои нодири замин, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»