Гузоштани санги асоси бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе


27 октябр Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, бунёди 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва дар асоси Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ анҷом меёбад. Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарозии роҳи дусатҳа дар нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев 850 метр буда, барои ҳаракати нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад. Паҳноии ҳар як хат 3,5 метр хоҳад буд ва гардишҳо низ бо 3 хатти ҳаракат бунёд мешаванд. Инчунин гуфта шуд, ки роҳи дусатҳаи дигар дар нуқтаи пайванди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров дар умум 4 300 метр дарозӣ дошта, 8 хатти ҳаракат тибқи стандартҳои байналмилалӣ мегирад. Дар баъзе қитъаҳо барои автобусу троллейбус хатҳои махсус ҷудо мешаванд. Пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе бо дарозии 115 метр, паҳноии 40 метр, 8 хатти ҳаракат ва қобилияти борбардории 100 тонна азнавсозӣ мешавад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»