Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Олмон маркази наве, ки дар заминаи Area AI дар Душанбе бо дастгирии NVIDIA таъсис мешавад, муаррифӣ шуд. Муаррифӣ дар доираи конфронси NVIDIA GTC Berlin 2026 баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон маросими муаррифии нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ (AI Innovation Hub) дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Марказ дар заминаи платформаи Area AI дар шаҳри Душанбе бо дастгирии ширкати NVIDIA таъсис дода мешавад. Чорабинӣ дар доираи конфронси байналмилалии NVIDIA GTC Berlin 2026 доир шуд. Дар он директори барномаи глобалии AI Nations-и ширкати NVIDIA Шилпа Колхаткар ва намояндагони ширкатҳои байналмилалии технологӣ, аз ҷумла Armada, VEON, DataVolt, Perplexity ва Supermicro иштирок намуданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ба аҳаммияти рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки оғози фаъолияти марказ бо дастгирии NVIDIA ба татбиқи ҳадафҳои қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»