Конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муҳими нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо баргузор шуд


16 September 2026 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ байналмилалӣ оид ба рушди ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ ва бехатарии роҳҳо баргузор гардид.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ: роҳҳо бо таъмини бехатарӣ» доир шуд.
Дар конференсия масъалаҳои муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд. Ба масъалаҳои истеъмоли энергияи электромобилҳо, меъёрҳои сарфи сӯзишвории мошинҳои дорои муҳаррики дарунсӯз дар шароити кӯҳистон, рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе ва ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»