Имзои ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд


Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бораи харитаи роҳи стратегии сармоягузории бисёрсола ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба харитаи роҳи стратегии сармоягузории бисёрсола ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ин санад 2026-09-14 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир дар ҳошияи Конфронси байналмилалии J.P. Morgan ва зимни мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хонум Одил Рено-Бассо, Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, имзо шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»