Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
7 октябр дар шаҳри Арушаи Танзания, дар доираи Ассамблеяи 153-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ, вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам оғоз бахшида, раисӣ кард. Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД ва дастгоҳи Ассамблея иштирок намуданд. Дар он татбиқи афзалияти раёсати Федератсияи Русия дар СААД дар соли 2026, ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати берунии ҳайатҳои парлумонӣ ва масъалаҳои мубрами Ассамблеяи 153-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»