Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
16 September 2026, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, байни Вазорати энергетика ва захираҳои об ва KEPCO ёддошти тафоҳум имзо шуд.
16 September 2026, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии санад таҳкими ҳамкории дуҷониба, баргузории машваратҳо, табодули маълумот, омӯзиши имкониятҳои ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баррасии имконоти сармоягузорӣ дар бахши энергетика мебошад.
Ҷонибҳо ҳамкориро дар самтҳои технологияҳои пешрафтаи ҳисобкунии неруи барқ (AMI), низомҳои пешрафтаи идоракунии шабакаҳои тақсимоти барқ (ADMS), низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ (GIS), рақамикунонии соҳаи энергетика, роҳҳалҳои сарфаи энергия, BEMS, BESS, шабакаҳои хурд ва беҳтар кардани пайвастшавӣ ба шабака густариш медиҳанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»