«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб шуд


Дар Душанбе «Саноатсодиротбонк» дар озмуни «Соҳибкори сол-2026» дар бахши «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» бо диплом ва ҷоиза қадрдонӣ гардид.
ДУШАНБЕ, 2026-10-14. АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб дониста шуда, бо Диплом ва ҷоиза сарфароз гардид. Ин натиҷа имрӯз дар Кохи Ваҳдат дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории G10, ки ба Рӯзи соҳибкорон бахшида шуда буд ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, эълон шуд. Дар ҳамин чорабинӣ ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол-2026» низ анҷом ёфт. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро аз рӯи 18 номинатсия ҷамъбаст намуд. Ҳадаф муайян кардан ва қадрдонӣ намудани соҳибкоронест, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, татбиқи технологияҳои муосир, рушди содирот ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»