Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Баррасии масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ

Санаи нашр:
Хулоса ва заминаи хабар
Дар Ҷидда Акрам Каримӣ бо дабири кулли навинтихоби Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот карда, ҳамкории Тоҷикистонро бо ин созмон баррасӣ намуд.
Дар Ҷидда Акрам Каримӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи Доимии Тоҷикистон назди Созмони ҳамкории исломӣ, бо Исмоил Улд Шайх Аҳмад, дабири кулли навинтихоби ин созмон, мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва сохторҳои тобеи он баррасӣ шуданд. Ҳамчунин роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ин созмон мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
