Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти гуногундарназардошташуда дар шаҳрҳои Истиклол ва Гулистон


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 6 иншооти гуногунро дар шаҳрҳои Истиклол ва Гулистон ба таври фосилавӣ ба истифода дод.
Нахуст фаъолияти ҶДММ «Оҳаки Истиклол» бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз ёфт. Баъди ба кор даромадани ин корхона 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд ва маҳсулоти он ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Дар шаҳри Истиклол ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳоло 6 корхона фаъол буда, дар онҳо зиёда аз 620 нафар кор мекунанд ва дар як сол ба маблағи 46 миллиону 330 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Дар шаҳри Гулистон бошад, як қатор иншооти нав, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли пахтаи минералии ҶДММ «Дилроз Ғаюр» дар шаҳраки Чоруқдарон, ду дастгоҳи нави бофандагӣ дар «Қолинҳои Қайроққум», корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ, корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ ва бинои навсозишудаи кӯдакистони «Садбарг» ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ин лоиҳаҳо ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар Гулистон ва Истиклол нигаронда шудаанд. Дар анҷом, Сарвари давлат ба масъулон тавсия доданд, ки истеҳсоли рақобатпазир, ҷойҳои нави корӣ ва шароити беҳтари зиндагиву меҳнатро дар деҳот густариш диҳанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»