Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри миллат бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо дар Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо барору комёбӣ орзу намуд. Ӯ таъкид кард, ки таҳаввулоти кунунии ҷаҳонӣ аҳамияти СҲШ-ро ҳамчун майдони муколамаи созанда ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд нишон медиҳад.
Сарвари давлат гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти минбаъдаи нақши Созмон дар таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва фазои эътимод дар тамоми самтҳои фаъолият аст. Ҳамчунин зарурати ҳалли осоиштаи низоъҳо, таҳкими нақши ҳамоҳангсози марказии Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда солҳои 2027-2036 таъкид шуд.
Дар мулоқот густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкории саноатӣ ва агросаноатӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои сабз ва тақвияти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ муҳим дониста шуд. Ҳамчунин, муборизаи муштарак зидди терроризм, экстремизм, радикализм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ гардид.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»