Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.
15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори агентии содирот, сардорони хадамотҳои гумрук ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»