22 сентябр дар Рим масъалаи ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ, чорводорӣ, саломатии ҳайвонот, ҳифзи растаниҳо ва рақамикунонӣ баррасӣ шуд.
22 сентябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар самти бехатарии озуқаворӣ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ва муовини Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Директори Департаменти истеҳсолот ва саломатии ҳайвонот Танават Тиенсин баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳамкорӣ байни соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ ва байторӣ, мубодилаи маълумот, пешгирии бемориҳои ҳайвонот ва татбиқи принсипҳои «Солимии ягона» муҳокима шуданд. Муҳаммадсаид Файзуллозода вазъи бехатарии озуқаворӣ, чорводорӣ ва саломатии ҳайвонот дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин 22 сентябр ӯ бо директори Шуъбаи истеҳсолот ва ҳифзи растаниҳои FAO Юрди Ясми мулоқот кард. Ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар самти ҳифзи растаниҳо, карантини растаниҳо, бехатарии озуқаворӣ ва рақамикунонии соҳаро баррасӣ намуда, барои таҳкими ҳамкории техникӣ изҳори омодагӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»