Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар ҷаласаи 7 октябр Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56-и Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро баррасӣ ва қабул кард. Ҳадафи он, ба гуфтаи мақомот, такмили сохтори идоракунии ИКАО ва густариши намояндагии кишварҳо дар мақомоти асосии ташкилот аст.
7 октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ҷаласа протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56-и Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ баррасӣ шуда, қарор қабул гардид.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода гуфт, ки протоколҳои мазкур 6 октябри 2016 дар Монреал, зимни ҷаласаи 39-уми Ассамблеяи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосӣ такмили сохтори идоракунии ИКАО, баланд бардоштани сатҳи намояндагии давлатҳои аъзо ва мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти асосии ташкилот ба рушди босуръати соҳаи авиатсияи граждании байналмилалӣ мебошад.
Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба моддаи 50 (а), шумораи аъзои Шурои ИКАО аз 36 то 40 давлат зиёд карда мешавад. Ҳамчунин, тибқи тағйироти моддаи 56, шумораи аъзои Комиссияи аэронавигатсионии ИКАО аз 19 то 21 нафар зиёд мегардад. Назарзода таъкид кард, ки ин тағйирот ба намояндагии мутавозини минтақаҳо, баланд шудани шаффофият ва самаранокии кори Шуро ва Комиссия мусоидат мекунад.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон