5 October суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён баргузор шуд.
Масъуд Пизишкиён бо табрикоту таманиёти нек Сарвари давлати Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона шодбош гуфт.
Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид шуд, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар минбаъд ҳам дар масири густариши бемайлони худ қарор хоҳад гирифт.
Дар фарҷоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот ва рифоҳи доимиро таманно карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»