Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ба Душанбе баргаштанд


6 October, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Душанбе баргаштанд.
6 October, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Маросими гусел бо шаҳомати хоса ва бо иштироки ҳунармандон, фаъолон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Дар фазои фараҳмандӣ ва шодию нишот барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳод гардид.
Мардуми шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои эҳтироми хоса ва муҳаббати беандоза гусел намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»