Дар Минск натиҷаҳои фаъолияти хадамоти геологии давлатҳои ИДМ ҷамъбаст шуданд


Дар ҷаласаи XXIX Шӯрои байниҳукуматии ИДМ дар Минск натиҷаҳои фаъолияти хадамоти геологии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2025-2026 баррасӣ шуданд ва иҷрои нақшаи муштараки 2023-2030 муҳокима гардид.
Дар Минск натиҷаҳои фаъолияти хадамоти геологии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2025-2026 дар ҷараёни ҷаласаи XXIX Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба ҷустуҷӯ, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ ҷамъбаст шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Иштирокчиён ҳамчунин иҷрои «Нақшаи дурнамои корҳои муштараки давлатҳои ИДМ оид ба омӯзиши геологӣ, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ барои солҳои 2023-2030» ва самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои байниҳукуматиро барои солҳои 2025-2026 баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»