Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд


Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Таиланд ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказӣ баргузор шуд, ки дар он Фирдавс Толибзода иштирок кард.
Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Шоҳигарии Таиланд ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Таконҳои иқтисодӣ, номуайяниҳо ва сиёсати пулию қарзӣ» баргузор гардид. Дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа таъсири таконҳои иқтисодӣ ва хавфҳои геосиёсӣ ба суботи макроиқтисодӣ, тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии молу маҳсулот, аз ҷумла нафт, сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин роҳҳои татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ дар шароити номуайянии иқтисодии ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон иштирокдорон доир ба таъсири эҳтимолии технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба рушди иқтисодӣ, сатҳи таваррум ва бозори меҳнат мубодилаи афкор намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»