Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд


Дар ҳошияи CBD COP17 дар Арманистон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо намояндаи «ARMSWISSBANK» дар бораи ҷалби маблағгузории иқлимӣ ва дастрасӣ ба фондҳои байналмилалӣ суҳбат кард.
Дар Ереван Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ара Макарян, муовини директори генералӣ ва директори Департаменти рушди тиҷорат ва аккредитатсияи «ARMSWISSBANK», мулоқот намуд. Вохӯрӣ дар доираи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ (CBD COP17) дар Арманистон баргузор шуд.
Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ, раванди аккредитатсия барои бонкҳои хусусӣ ва давлатӣ барои дастрасӣ ба фондҳои байналмилалии иқлимӣ ва нақши муассисаҳои молиявии миллиро баррасӣ карданд. Ҳамчунин ба пешрафти Тоҷикистон дар ҷалби маблағгузории иқлимӣ ва лоиҳаҳои охири Фонди иқлимии сабз ба маблағи умумии 190 миллион доллар ишора шуд.
Таҷрибаи «ARMSWISSBANK» ҳамчун намунаи муваффақ таъкид гардид. Дар моҳи феврали 2025 он аввалин ва ягона муассисаи хусусии Арманистон шуд, ки аз ҷониби Фонди иқлимии сабз аккредитатсия шудааст ва дастрасии мустақим ба маблағгузории иқлимӣ ба даст овард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»