Муаррифии 6 лоиҳаи роҳ дар ВМКБ


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
27 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар ВМКБ бунёд, навсозӣ ва мумфарш мешаванд, муаррифӣ карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, марҳилаи якуми таҷдиди роҳи Рӯшон-Варшез аз Дашти Шипад то Пастхуф 82.2 километр буда, қисми долони байналмилалии нақлиётии Душанбе-Кулма-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Роҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад; интихоби ширкатҳои машваратӣ ва паймонкор барои қитъаи Шипад-Пастхуф идома дорад.
Марҳилаи дуюм аз деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон то деҳаи Турбати ноҳияи Шуғнон бо дарозии 80 километр пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин мумфаршкунии қитъаҳои Шоҳон-Зиғар, маркази ноҳияи Рӯшон ва Хоруғ-Роштқалъа дар доираи ин лоиҳаҳо анҷом дода мешавад. Дар маҷмуъ, сохтмон, навсозӣ ва мумфаршкунии 358 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба анҷом мерасад.
Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки навсозии роҳи водии Язгулом идома дорад ва то охирин деҳаи ин водӣ корҳои тахту ҳамворкунӣ ва сангфаршкунӣ анҷом ёфтааст. Илова бар ин, дар ояндаи наздик бунёду навсозии 90 километр қитъаи роҳи Мурғоб-Кулма ва гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Каросу дар доираи роҳи мултимодалии Чин-Точикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо оғоз меёбад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»