Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қабул ва ҷонибдорӣшударо ба имзо расонд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қабул ва ҷонибдорӣшударо ба имзо расонд.
Аз ҷумла, Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи муҳоҷират», инчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ба имзо расиданд.
Ин қонунҳо ба пешрафти устувору босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, танзими муҳоҷирати шаҳрвандон, рушди соҳибкорӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд. Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон