Ифтитоҳи 15 иншоот дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ва муаррифии лоиҳаи роҳи Лабиҷар – Сангвор


11 сентябри 2026 Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро дар як қатор ноҳияҳои водии Рашт ба таври фосилавӣ ба истифода доданд ва бо лоиҳаи роҳи Лабиҷар – Сангвор шинос шуданд.
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт бинои ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дар шаҳраки Ғарм биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт ва қасри ҷавонон ба истифода дода шуданд. Дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 барои 700 хонанда дар ду баст ва маркази савдо ифтитоҳ ёфт. Дар деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор меҳмонхонаи Гармчашмаи Вахё низ ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин дар ноҳияи Тоҷикобод се муассисаи таълимӣ ва дар ноҳияи Лахш чор иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор бо дарозии умумии 64.5 километр амалӣ мешавад ва дар соли ҷорӣ сохтмони 10 километр роҳ, ду пул бо дарозии умумии 148 метр, 18 қубури обгузар, 21 такядевор ва чароғонсозӣ оғоз мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»