Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар Бангкок, намояндагони Тоҷикистон бо раҳбарони ин ниҳод мулоқот карданд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-14 / АМИТ «Ховар». 13 октябр дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайиланд, дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Муовини Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор гардид. Тибқи иттилои Вазорати молия, Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи вазъи макроиқтисодӣ, беҳтар шудани нишондиҳандаҳои қарзии байналмилалии Тоҷикистон ва нақшаҳои оянда маълумот дод. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ташрифи нахустини миссияи Хазина оид ба арзёбии шаффофияти фискалӣ ба Тоҷикистон 2026-10-28 пешбинӣ шудааст, баъд аз он миссияи маблағгузории иқлимӣ баргузор мешавад ва машваратҳо дар доираи моддаи IV барои моҳи декабри 2026 ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамчунин вохӯрӣ бо Директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳад Азур баргузор шуд. Ҷониби Тоҷикистон оид ба сатҳи муътадили таваррум, таҳкими молияи давлатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва расонидани кумаки техникӣ изҳор кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»