Баррасии густариши робитаҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ


Дар Минск ҷаласаи Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои ИДМ дар доираи намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» баргузор шуда, ҳамкории байнипалатавӣ ва робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардид.
Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ», ҷаласаи Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои ИДМ иштирок карда, масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории байнипалатавӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ин кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»